Корҳои сохтмонию васлкунӣ
Объектҳои суғурта
- корҳои сохтмонӣ;
- корҳои монтажкунӣ;
- тачҳизонидани майдони сохтмонӣ;
- техникаи сохтмонӣ;
- объектҳое, ки дар майдончаи сохтмонӣ ё дар наздикии он ҷойгиранд;
- хароҷотҳо доир ба тозакунии қаламрави дар шартномаи суғурта нишон дода шуда, баъди ҳолати суғуртавӣ;
- масъулияти гражданӣ дар назди шахсони сеюм ҳангоми гузаронидани корҳои сохтмонию монтажкунӣ ва дар давраи ӯҳдадориҳои кафолатии баъди ба кор дарорӣ;
- хароҷотҳои ғайричашмдошт дар давраи ӯҳдадориҳои кафолатии баъди ба кор дарорӣ.
Тибқи Шартномаи суғурта мумкин аст объектҳои суғуртавии дар боло номбар карда шуда, ҳам якҷоя ва ҳам дар алоҳидагӣ суғурта карда шаванд.
Маблағи суғурта
Маблағи суғурта, ки дар шартномаи суғурта нишон дода шудааст, маблағи ҳудудии пардохти суғуртавӣ мебошад. Маблағи пардохтҳои суғуртавӣ аз рӯи ҳамаи ҳолатҳои суғуртавӣ барои тамоми давраи суғурта, дар ягон ҳолат аз андозаи маблағи суғуртавии тибқи шартномаи суғурта муайяншуда зиёд шуда наметавонад. Маблағҳои суғуртаи максималӣ дар доираи андозаи арзиши суғуртавӣ (ҳақиқӣ) муқаррар шуда метавонанд.
Тарифҳо
Тарифҳо ва арзиши ниҳоии суғурта бо баҳисобгирии мӯҳлати суғурта, маҷмӯи хатарҳо ва омилҳои суғуртакардаи ба дараҷаи таваккал таъсиррасонанда, муайян карда мешаванд.
Шумо метавонед тибқи информатсияи ҳамкорӣ ба наргузории шахсӣ дар Дафтарҳои Ширкати суғуртавии “ ORIEN INSURANC Е” дархост фиристонед
|