Суғуртаи ҳаёт ва саломатӣ
- вафот ё захм бардоштани Суғуртакардашуда дар натиҷаи ҳодисаҳо нохуше, ки ҳангоми дар истеҳсолот иҷро намудани вазифаҳои меҳнатӣ, супоришҳои маъмурияти корхона ва инчунин ҳангоми ба кор ё аз кор дар нақлиёти аз тарафи корхона пешниҳод карда шуда ҳаракат намудани Суғуртакардашуда сурат гирифтаанд ё касалии касбӣ, ки ӯ дар натиҷаи шароитҳои махсуси меҳнатӣ ва ҳамчун қоида ҳангоми кори дарозмуддат дар корхона ҳангоми набудани вайронкуниҳои тартибот аз тарафи маъмурияти корхона, ба онҳо гирифтор шудааст;
- вафот ё захм бардоштани Суғуртакардашуда дар натиҷаи ҳодисаҳо нохуш, ки ҳангоми дар ҳудуди муассисаи таълимию тарбиявӣ будан, ҳангоми ба таҳсил рафтан ва аз таҳсил баргаштани Суғуртакардашуда, сурат гирифтаанд;
- вафот ё захм бардоштани Суғуртакардашуда дар натиҷаи ҳодисаҳо нохуш, ки ҳангоми дар дохили воситаҳои нақлиётӣ будани Суғуртакардашуда, сурат гирифтаанд;
- вафот ё захм бардоштани шаҳрванди Суғуртакардашудаи хориҷӣ, ҳангоми дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон будан.
Суғуртаи ихтиёрии нақлиёти ҳавоӣ
Ҳолатҳои садамавӣ
Ҳолатҳои садамавӣ қисман зарарбинӣ, нестшавӣ ва пурра аз даст додани нақлиёти ҳавоӣ дар мавридҳои зерин мебошанд:
- ҳодисаҳои авиатсионӣ, воқеаҳои ногувор;
- сӯхтор, заминҷунбӣ, тӯҳфон, обхезӣ ва фалокатҳои табиии дигар;
- дуздидан ё аз даст додан;
- амалҳои ғайрибарқасдонаи шахсони сеюм, ки боиси аз даст додан, вайрон шудан ё зарар дидани нақлиёти ҳавоӣ гаштаанд ва дар мӯҳлати амали шартномаи суғурта ҷой доштаанд.
|