Забонҳо Тоҷ
Рус
Eng

Борҳо

Ҳангоми суғуртаи таваккали масъулияти гражданию ҳуқуқӣ барои вайрон намудани шартнома, факат таваккали масъулияти Суғурташаванда суғурта карда мешавад. Суғуртаи таваккали масъулияти гражданию ҳуқуқӣ барои вайрон намудани шартнома ба фоидаи шахсе амалӣ карда мешавад, ки вай он тарафи шартнома мебошад, ки дар назди вай тибқи шартҳои он Суғурташуда масъулияти гражданию ҳуқуқӣ мебарад ва дар ин маврид ба сифати Фоидабадастоваранда баромад мекунад.

Объекти суғурта

Манфиатҳои амволии Суғурташуда, ки бо имконияти пайдошавии масъулият барои истифода набурдан ё ба дараҷаи лозимӣ истифода набурдани ӯҳдадориҳои аз шартнома бармеомада аз тарафи Суғурташаванда, алоқаманданд.

Предмети суғурта.

Шакли мушаххаси масъулияти имкони Суғурташаванда барои вайрон намудани ӯҳдадориҳояш тибқи шартнома.

Шакли масъулият.

Њама ё қисми маблағи зарарҳои Фоидабадастоваранда ё ҳама ё қисми маблағи ҷаримаи аҳдшиканӣ.

Зарари ҳақиқӣ.

Хароҷотҳое, ки Фоидабадастоваранда барои барқароркунии зарари амволии бо вайронкунии ӯҳдадориҳои шартномавӣ ба амал омадаанд, кардааст ё бояд кунад.
Фоидаи аз даст дода

Аз ҷониби Фоидабадастоваранда ба даст надаровардани даромадҳое, ки вай ҳангоми шартҳои муқаррарии гардиш ба даст меовард, агар Суғурташаванда ӯҳдадориҳоро вайрон намекард.

Ҷаримаи аҳдшиканӣ

  • ҳисобшаванда, агар зарарҳо дар қисми бо ҷаримаи аҳдшиканона напӯшида баргардонида шаванд;
  • истисноӣ, агар фақат рӯёнидани ҷаримаи аҳдшиканона, аммо на зарарҳо, иҷозат дода мешавад:
  • алтернативӣ, вақте тибқи интихоби кредитор ё ҷаримаи аҳдшиканона ё ин ки зарар рӯёнида мешавад.
  • ҷаримавӣ, вақте зарарҳо бо маблағи пурра илова ба ҷаримаи аҳдшиканона рӯёнида шуда метавонанд.

Андозаи масъулият барои вайронкунии ӯҳдадориҳо аз рӯи шартнома, тибқи муқаррароти шартнома ё қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. Манфиатҳои зиддиҳуқуқии Суғурташаванда суғурта карда намешаванд.

Маблағи суғурта

Маблағи суғурта тибқи шартномаи суғуртаи ихтиёрӣ бо мувофиқаи тарафҳо, бо баҳисобгирии асосноккунии иқтисодии андозаи он, ки Суғурташаванда пешниҳод мекунад ё аз ҳисоби ӯ иҷро карда мешавад, муқаррар карда мешавад.

Тарифҳо

Тарифҳо ва арзиши ниҳоии суғурта бо баҳисобгирии мӯҳлати суғурта, маҷмӯи хатарҳо ва омилҳои суғуртакардаи ба дараҷаи таваккал таъсиррасонанда, муайян карда мешаванд.
 
Шумо метавонед тибқи информатсияи ҳамкорӣ ба наргузории шахсӣ дар Дафтарҳои Ширкати суғуртавии “ ORIEN INSURANC Е” дархост фиристонед
 
 
 
 
Суроға:
ҶСШП "Orien Insurance"
ш. Душанбе, хб. Рӯдакӣ 100
734001, Тоҷикистон
телефон:
+992 (44) 600 30 71
Пурсиш

Группа опросов не найдена.

Мизоҷон
           
© 2010. Страховая Компания "ORIEN INSURANCE" Разработано в ПРОМОУШН